Гуфт: Дар Мино. Он шахс пурсид: Рўзи бозгаштан аз Мино намози асрро дар куљо хонданд?
Гуфт: Дар Абтањ. Сипас Анас (р) барояш гуфт: Он чї, ки амирони ту анљом медињанд, ту њам анљом бидењ.
БОБИ 47. Рўза гирифтан рўзи Арафа
829. Аз Умми Фазл (р) ривоят аст, ки гуфт: Мардумон аз рўза доштани Паёмбари Худо (с) рўзи Арафа ба шак афтоданд. Шарбатеро барои Паёмбари Худо (с) фиристодам, эшон он шарбатро нўшиданд.
БОБИ 48. Рафтан дар ваќти гармии рўз ба тарафи Арафа
830. Аз Солим (р) ривоят аст, ки гуфт: Абдулмалик ба Њаљљољ навишт, ки дар умури њаљ набояд аз Ибни Умар (р) мухолифат намої. Рўзи Арафа Ибни Умар (р) дар њоле, ки ман њамроњаш будам, наздм хаймаи Њаљљољ омад ва ўро садо кард.
Њаљљољ дар њоле, ки изори калони музаъфариро пўшида буд, аз хайма баромад ва гуфт: Ё Абўабдуррањмон, чї хабар аст? (Абўабдуррањмон кунияи Абдуллоњ Ибни Умар (р) аст).
Гуфт: Агар мутобиат аз суннатро мехохй, бояд берун шавї!
Пурсид: Њамин њозир?
Гуфт: Бале!
Гуфт: Пас ба ман мўњлат бидењ, то обе ба сарам рехта ва биёям.
Ибни Умар (р) то омадани Њаљљољ аз маркабаш фуруд омад ва њамон љо нишаст. Чун Њаљљољ берун шуд, байни ман ва падарам ба роњ афтод.
Ман ба Њаљљољ гуфтам: Агар мутобиат аз суннатро мехоњї, хутбаро кўтоњ бикун ва дар вуќуф шитоб кун!
Њаљљољ чун ин суханро шунид, ба тарафи Абдуллоњ нигоњ кард. Чун Абдуллоњ дид, ки ба тарафаш нигоњ мекунад, гуфт: Солим рост мегўяд.
БОБИ 49. Шитоб намудан ба сўи мавќиф
БОБИ 50. Истодан дар Арафа
831. Аз Љубайр ибни Мутъим (р) ривоят аст, ки гуфт: Рўзи Арафа шутурамро гум кардам ва рафта онро љустуљў мекардам. Паёмбари Xyдо (с)-ро дидам, ки ба Арафа вуќуф намуданд, бо худ гуфтам: ба Худованд савганд, ки ин шахс аз парњезгорони Ќурайш аст. Ў дар ин љо чї мекунад? (Ин вуќуфи Паёмбари Худо (с) дар Арафа пеш аз беъсат буд).
БОБИ 51. Чї гуна рафтан аз Арафот ба сўи Муздалифа
832. Ривоят аст, ки касе аз Усома ибни Зайд (р) пурсид, ки дар њаљдатул вадоъ Паёмбари Худо (с) ба сўи Муздалифа чї гуна омаданд? Дар љавоб гуфт: Рафторашон ба таври миёна буд, вале агар роњро бе нафар меёфтанд, андаке тезтар мерафтанд.
БОБИ 52. Њангоми рафтан ба Арафот Паёмбари Худо (с) мардумро ба оромй даъват намуданд
833. Ривоят аст, ки Ибни Аббос (р) дар рўзи Арафот бо Паёмбари Худо (с) ба тарафи Муздалифа меомад. Дар ин ваќт Паёмбари Худо (с) аз пушти cap њаёњуи мардум ва задани шутуронро шуниданд. Бо тозиёнаи худ ба тарафи мардум ишора намуда ва фармуданд: "Эй мардум! Ором ва бовиќор бошед! Савоб ва хайр дар шитоб ва тез рафтан нест!"
БОБИ 53. Касе, ки заъифони оилаашро дар шаби Муздалифа пеш аз худ фиристод ва худаш вуќуф ва дуо намуд ва баъд аз ѓиёби мањтоб њаракат кард
834. Аз Абдуллоњ ѓуломи Асмоъа бинти Абўбакр (р) ривоят аст, ки Асмоъа (р) шаби Арафа ба Муздалифа омад, баъд аз он бархост ва соате намоз хонд. Баъд аз он аз ѓуломаш Абдуллоњ ибни Кайсон пурсид: Фарзандам! Оё мањтоб ѓypyб кардааст? Гуфт: На!
Боз соате намоз хонда ва пурсид: Оё мањтоб ѓypy6 кардааст? Гуфт: На. Боз соате намоз хонд ва пурсид: Оё мањтоб ѓуруб кардааст? Гуфт: Бале! Гуфт: Њаракат кунед.
Њаракат карда рафтем, то ин, ки Асмоъа (р) љамраи Аќабаро зад. Баъд аз он баргашт ва намози субњро дар манзили худ адо намуд. Абдуллоњ (р) мегўяд, барояш гуфтам: Эй фалонї, фикр мекунам, ки мо ба торикї ба Мино расидем. Гуфт: Фарзанди азизам! Паёмбари Худо (с) барои занон ин иљозаро додаанд.
835. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: Ба Муздалифа расидем, Савда (р), ки зани чоќе буд, аз Паёмбари Худо (с) иљоза хост, то пеш аз издињоми мардум њаракат намояд. Паёмбари Худо (с) барояш иљоза доданд ва ў пеш аз издињоми мардум њаракат намуд ва ба Мино рафт, вале мо то субњ њамон љо мондем ва субњ њамроњи Паёмбари Худо (с) њаракат намудем. Агар ман њам монанди Савда (р) аз Паёмбари Худо (с) иљоза мегирифтам, бароям аз њар хушии дигаре хуштар буд.
БОБИ 54. Касе, ки намози субњро дар Муздалифа адо намуд
836. Ривоят аст, ки Абдуллоњ (р) ба Муздалифа омад ва ду намозеро, ки дар он љо хонда мешавад, њар намозеро ба як азон ва як иќома адо намуд ва таъоми шабро дар байни он ду намоз тановул кард. Баъд аз он њангоме, ки фаљр тулўъ кард, намози бомдодро адо намуданд. Касе мегуфт, ки фаљр тулўъ кардааст ва касе мегуфт, ки тулўъ накардааст.
Ровї мегўяд: Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ин ду намоз, яъне намози шом ва намози хуфтан дар ин макон аз ваќташон таѓйир мекунад ва мардум набояд то ваќте, ки торик намешавад, љамоат намоянд ва ваќти намози субњ њамин ваќт аст."
Абдуллоњ (р) баъд аз он вуќуф намуд, то он, ки њаво рўшан шуд. Баъд аз он гуфт: Агар амиралмўъминин њоло њаракат намояд, мувофиќи суннат амал намудааст. Ровї мегўяд: Намедонам, гуфти ў зудтар буд, ё њаракат кардани Усмон (р). Ва Абдуллоњ, ибни Масъуд то задани љамраи Аќаба дар рўзи ид ба таври мустамир талбия мегуфт.
БОБИ 55. Аз Муздалифа чї ваќт бояд њаракат намуд?
837. Ривоят аст, ки Умар (р) намози субњро дар Муздалифа адо намуд. Баъд аз он вуќуф намуд ва гуфт: Мушрикин, то ваќте, ки офтоб тулўъ намекард, њаракат намекарданд ва мегуфтанд: Эй офтоб, бар Сабир битоб!
(Сабир кўњи машњурест дар Муздалифа. Яъне мушрикин мунтазири он буданд, ки офтоб бар кўњи Сабир битобад ва баъд аз он онњо ба тарафи Мино њаракат намоянд). Вале Паёмбари Худо (с) ба онњо мухолифат намуданд (яъне пеш аз тулўъи офтоб бар тарафи Мино њаракат намуданд) ва ба њамин асос Умар (р) пеш аз тулўъи офтоб њаракат намуд.
БОБИ 56. Савор шудан бар шутур
838. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) шахсеро диданд, ки шутуреро бо худ мебарад. Фармуданд: "Бар ў савор шав." Гуфт: Ин шутур њадя аст. Фармуданд: "Савор шав!" Гуфт: Ин шутур њадя аст. Фармуданд: "Вой бар ту! Савор шав!" Ин суханро ду ва ё се бор такрор намуданд.
БОБИ 57. Касе, ки шутури њадяро бо худ бурдааст
839. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: дар њаљчату-л-вадоъ Паёмбари Худо (с) умра ва њаљро бо њам адо намуданд ва њадяро аз Зулњулайфа бо худ бурданд ва аввал нияти умра ва сипас нияти њаљ намуданд ва мардум бо Паёмбари Худо (с) умраи таматтўъ намуданд ва сипас њаљ карданд. Баъзе аз мардум њадяро бо худ бурданд ва иддаи дигаре њадя надоштанд. Њангоме, ки Паёмбари Худо (с) ба Макка омаданд, ба мардум гуфтанд: "Касе аз шумо њадя оварда набояд, то ваќте, ки њаљро комилан адо намекунад, худро њалол созад ва касе, ки њадяро наовардааст, ба хонаи Каъба тавоф кунад ва байни Сафо ва Марва саъй намояд. Баъд аз он мўйи худро кўтоњ намуда, худро њалол созад. Баъд аз он барои адои њаљ ният намояд ва касе, ки њадя барояш муяссар нест, се рўз дар њаљ ва њафт рўз баъд аз бозгашт рўза бигирад."
БОБИ 58. Касе, ки шутури њадяро дар Зулњулайфа
ќалода карда ва баъд аз он эњром бастааст
840. Аз Мисвар ибни Мањрама ва Марвон (р) ривоят аст, ки гуфтанд: Дар воќеаи Њудайбия Паёмбари Худо (с) бо чандсад нафар аз сањобањояшон аз Мадина хориљ гардиданд. Чун ба Зулњулайфа расиданд, Паёмбари Худо (с) шутури њадяро калода намуда ва барои адои умра ният намуданд.
БОБИ 59. Касе, ки ба дасти худаш ќалодаро ба гирди
шутурон баста аст
841. Ривоят аст, ки ба Оиша (р) хабар расид, ки Абдуллоњ ибни Аббос (р) мегўяд: Касе, ки њадяро фиристода бошад, то ваќте, ки њадяаш забњ нагардидааст, хар чизе ки бар њуљљољ њаром аст, бар вай њаром мебошад. Оиша (р) гуфт: Ин тавр, ки ў мегўяд нест, ман ба дасти худ ќалодањои шутурони њадяи Паёмбари Худо (с)-ро тобидам ва Паёмбари Худо (с) ба дасти худ онњоро ба гардани шутурон бастанд ва он шутуронро ба дасти падарам фиристоданд ва њеч чизеро, ки Худованд барои Паёмбари Худо (с) њалол сохта буд, то њангоми забњи шутурон бар эшон њаром нагардид.
БОБИ 60. Ќалода кардани гўсфандон
842. Ва аз Оиша (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) гўсфандеро њадя фиристоданд. Ва дар ривояте аз вай омадааст, ки Паёмбари Худо (с) гўсфандеро ќалода намуданд ва худашон дар хонаводаи худ њалол боќї монданд (яъне баъд аз фиристодани њадя њељ чиз барояшон њаром нагардида буд).
БОБИ 61. Калодаи пашмин
843. Дар ривояти дигаре аз Оиша (р) омадааст, ки гуфт: Ќалодаи шутуронро аз пашме, ки бо худ доштам, бофтам.
БОБИ 62. Чули шутур ва хайрот додани он
844. Аз Алї (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) маро амр намуданд, то љул ва пўсти шутуронеро, ки забњ карда буданд, хайрот намоям.
БОБИ 63. Забњ кардани гов аз тарафи њамсарони худ
бидуни иљозаашон
845. Њадиси Оиша (р), ки ривоят карда буд, бо Паёмбари Худо (с) њангоме, ки панљ рўз аз Зулќаъда боќї монда буд, аз Мадина берун шудем, ќаблан гузашт.
Ва дар ин ривоят ин њам омадааст, ки дар рўзи иди Ќурбон барои мо гўшти гове оварданд.
Пурсидам: Ин аз куљо аст?
(Касе, ки он гўштро оварда буд) гуфт: Аз гўшти гове аст, ки Паёмбари Худо (с) ба ивази њамсарони худ забњ намудаанд.
БОБИ 64. Забњ кардан дар Мино, дар љое, ки Паёмбари
Худо (с) забњ намудаанд
846. Ривоят аст, ки Абдуллоњ ибни Умар (р) дар њамон љое забњ мекард, ки Паёмбари Худо (с) забњ карда буданд.
БОБИ 65. Забњ кардани шутур дар њолати бастани дасташ
847. Ва ривоят аст, ки Ибни Умар (р) шахсеро дид, ки шутурашро хобонда, забњ мекунад.
Ба ў гуфт: ўро истода ва дар њоле, ки дасташ баста бошад, забњ кун. Суннати Паёмбари Худо (с) чунин аст.
БОБИ 66. Барои пўсткунанда набояд аз њадя чизе дод
848. Аз Алї (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) маро амр карданд, то бар забњи шутурон сарпарастї намоям ва аз куштан ва пўст кардани онњо ба ќассобњо чизе надињам.
БОБИ 67. Миќдоре, ки аз шутур њадя хўрда мешавад ва миќдоре, ки садаќа дода мешавад
849. Аз Љобир ибни Абдуллоњ (р) ривоят аст, ки гуфт: Мо аз шутури њадяи худ бештар аз се рўз, ки дар Мино будем, намехўрдем. Baле Паёмбари Худо (с) ба мо иљоза дода ва фармуданд: "Бихўред ва захира кунед!" Ва мо хўрдем ва њам захира кардем.
БОБИ 68. Тарошидан ва кўтоњ кардани мўйи cap дар ваќти хориљ шудан аз эњром
850. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (c) њаљ сари худро тарошиданд.
851. Ва аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо дуо карда гуфтанд: "Худое, касонеро, ки сарашонро тарошидаанд, рањмат кун!" Гуфтанд: Ё Расулаллоњ! Барои касоне, ки мўйи сари худро кўтоњ кардаанд, њам дуо кунед.
Гуфтанд: "Худоё, бар касоне, ки сарашонро тарошидаанд, рањмат кун." Гуфтанд: Ё Расулаллоњ, барои касоне, ки мўйи сари худро кўтоњ кардаанд, њам дуо кунед. Гуфтанд: "... ва ба касоне, ки мўйи сари худро кўтоњ кардаанд, рањмат кун."
852. Аз Абўњурайра (р) низ монанди њадиси гузашта ривоят гардида, магар ў ба љои "рањмат кун," "биёмурз"-ро ривоят намудааст ва баъд аз ин, ки се бор дар њаќќи касоне, ки сари худро тарошидаанд, дуо намуданд, (бори чањорум) дар њаќќи касоне, ки мўйи худро кўтоњ намуда буданд, дуо карданд.
853. Аз Муъовия (р) ривоят аст, ки гуфт: Ман аз мўйи сари Паёмбари Худо (с) бо пайкон чизе кўтоњ намудам.
БОБИ 69. Задани љамрањо
854. Ривоят аст, ки шахсе аз Ибни Умар (р) пурсид: Чї ваќт бояд љамра бизанем? (Мурод аз ин љамрањо љамрањои айёми ташриќ аст, ки дар рўзи дуввум, саввум ва чањоруми ид мебошад). Гуфт: Ваќте, ки имоми ту љамра зад. Он шахс суолашро дубора такрор намуд.
Ибни Умар (р) гуфт: Интизор мекашидем, ки офтоб завол намояд ва чун офтоб завол мекард, љамра мезадем.
БОБИ 70. Љамра задан аз поёни води
855. Ривоят аст, ки Абдуллоњ ибни Масъуд (р) аз тарафи поёни води љамра мезад. Касе ба ў гуфт: Мардум аз тарафи пушти водї љамра мезананд. Гуфт: Ќасам ба Худое, ки љуз ў Худое нест, ки ин маќоми касест, ки сураи «Баќара» бар вай нозил гардидааст.
БОБИ 71. Љамра задан бо њафт сангча
856. Ривоят аст, ки Ибни Масъуд (р) њангоми задани љамраи Аќаба Каъбаро ба тарафи чап ва Миноро ба тарафи рости худ ќарор дод. Бо њафт сангча љамра зада ва гуфт: касе, ки бар вай сураи «Баќара» нозил гардидааст, њамин гуна љамра зад.
БОБИ 72. Дар ваќти љамра задан баъд аз рамйи ду љамра бояд ба њамворї рафта, рўйи худро ба тарафи ќибла намуд
857. Ривоят аст, ки Ибни Умар (р) љамраи кўчакро бо њафт сангча рамї менамуд ва бо задани њар сангча такбир мегуфт. Баъд аз он пеш мерафт, то ба њамворї мерасид, дар ин чо рўй ба ќибла муддати тўлонї дастњояшро боло карда ва дуо мекард.
Баъд аз он љамраи миёнаро рамї менамуд. Баъд аз љамра задан тарафи шимолро мегирифт, то ба њамворї мерасид. Дар ин љо рўй ба ќибла муддати тўлонї дастњояшро боло карда ва дуо мекард. Баъд аз он љамраи Аќбаро аз ќисмати поёни водї рамї менамуд ва дар ин љо таваќќуф намекард, балки баргашта мегуфт: Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки њамин тавр рамї намуданд.
БОБИ 73. Тавофи видоъ
858. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Мардум амр шуданд, ки охирин корашон дар њаљ тавоф ба хонаи Каъба бошад, вале ин тавоф аз занони њоиз соќит гардид.
859. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) намози пешин ва аср ва шом ва хуфтанро адо намуданд, баъд аз он андак ваќте дар Муњассаб истироњат карданд, баъд аз он ба тарафи хонаи Каъба рафта ва тавоф намуданд (мурод аз ин тавоф тавофи видоъ аст).
БОБИ 74. Ваќте, ки зан баъд аз омадан аз Арафот ба одати моњона гирифтор мешавад
860. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Барои зани њоиз баъд аз ин ки аз Арафот омад, рухсат дода шудааст, ки (бидуни анљом додани тавофи видоъ аз Макка) биравад.
Яке аз ровиён мегўяд: Аз Ибни Умар (р) шунидам, ки мегуфт: Чунин зане набояд биравад. Вале баъд аз он аз вай шунидам, ки мегуфт: Паёмбари Худо (с) барои онњо рухсати рафтан додаанд (яъне барои зани њоиз иљоза доданд, ки пеш аз анљом додани тавофи видоъ аз Макка хориљ шавад).
БОБИ 75. Њукми манзил кардан дар Муњассаб
861. Ва аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Тањсиб чизе нест (яъне нузул кардан дар минтаќаи Муњассаб аз маносики њаљ нест), балки манзилест, ки Паёмбари Худо (с) дар он манзил намуданд.
БОБИ 76. Манзил намудан ба Зитуво пеш аз дохил шудан ба
Макка ва манзил намудан дар дашти Зулњулайфа дар ваќти
баргаштан аз Мака
862. Ривоят аст, ки Ибни Умар (р) њангоме аз Мадина, ки ба тарафи Макка меомад, шабро ба Зитуво манзил мекард, чун субњ мешуд, дохили Маккаи мукаррама мегардид ва чун аз Мино меомад, ба Зитуво меомад ва шабро то субњ дар ин љо манзил мекард ва мегуфт: Паёмбари Худо (с) чунин мекарданд.